Cудури ҳукми зиндон барои диндорони шаҳри Ганҷа

Ба навиштаи сайти интернетии рӯзномаи “Шарқ” –и ҷумҳурии Озарбойҷон, дар ҳукми додгоҳи ҷароими сангини шаҳри Ганҷа, Ҷобир Азизов ба 5 сол, Гулмирзо Нурзода ба 6 сол, Риё Нуризода ба 5 сол, Фикрат Мирзоалиев ба 6 сол, Эйрӯз Ҳоҷиев ба 7 сол, Сабуҳи Раҷабов ба 6 сол ва Аламон Қулиев ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ин аҳком дар ҳоле содир шудааст, ки дар иқдоме камсобиқа вакилони тасхири муттаҳамони шаҳри Ганҷа ба ҷойи дифоъ аз онҳо дар додгоҳ, дар таъйиди суханони қозӣ ва намояндаи додситонии ин шаҳр ва ба зарари муваккилони худ сухан гуфтаанд.

Элмор Валиев, фармондори собиқи шаҳри Ганҷа, ки бо норизоиятиҳои шадиди мардумӣ мувоҷеҳ буд, дар рӯзи севуми моҳи июли соли 2018 –и мелодӣ ҳадафи гулӯлаи фарде ба номи Юнус Сафаров, аз атбои шаҳри Ганҷа қарор гирифт. Дар нахустин вокуниш, ниҳодҳои вобаста ба давлати Боку талош карданд зорибро ба Эрон ва ҳавзаи илмияи Қум ва “мудофеони ҳарам” мунтасаб кунанд. Бархе аз ниҳодҳои давлати Илҳом Алиев, назири Вазорати умури дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо интишори баёнияе, бар интисоби террори Элмор Валиев ба Эрон таъкид карданд. Бо вуҷуд ин, мухолифатҳо ва эътирозҳои коршиносони бетарафи озарӣ боис шуд давлати Боку аз идомаи тарҳи иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон ақибнишинӣ кунад. Дар ин иртибот, Ҳоҷи Элқор Иброҳимуғлу, раҳбари ҷамъияти динии Ҷумъа ва коршиноси барҷастаи сиёсӣ ва динӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон, интисоби террори фармондори шаҳри Ганҷа ба омили мазҳаб ва ҳавзаи илмияи Қумро нодуруст ва барои кишвараш зиёнбор донист. Ҳоҷи Элқор Иброҳимуғлу дар гуфтгӯи зиндаи тасвирӣ бо рӯзномаи “Йени мусовот” дар рӯзи панҷуми моҳи июли соли гузаштаи мелодӣ, ки аз тариқи сафҳаи Фейсбуки ин рӯзнома пахш мешуд, изҳор дошт: “Ин воқеа ба диндор будан ё намозхон будан ё табааи Русия будани фарди зориб ҳеҷ рабте надорад. Ин воқеа дар”нуқтаи ҷӯш”-и шароити золимонаи ҳоким бар Ганҷа рух додааст. Рафторҳо ва мавзеи золимонаи Элмор Валиев алайҳи тамоми мардуми ин шаҳр, азҷумла равшанфикрон, коргарон, диндорон ва ғайридиндорон яксон будааст. Ба ҳамин далел, мумкин буд ҳар фарди ганҷаӣ сарфи назар аз диндор будан ё набуданаш, дар шароите, ки зулм ва беадолатӣ дар Ганҷа ба “нуқтаи ҷӯш” – и худ расидааст, ҳаракате дар муқобили ин фармондори золим анҷом диҳад.

Дар пайи террори номувафақи Элмор Валиев, тазоҳуроте дар эътироз ба авзои бади иқтисодӣ ва фишорҳои мақомҳои давлатӣ бар мардум ва тарвиҷи мафосиди фарҳангӣ дар шаҳри Ганҷа баргузор шуд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо, даҳҳо тан дастгир шуданд, ки то кунун 80 тан аз онҳо ба иттиҳоми даст доштан дар террори Элмор Валиев муҳокима шудаанд.

Дар маҷмуъ, ба назар мерасад ҷараёни террори фармондори собиқи шаҳри Ганҷа бо муҳокимаи чанд тан ба поён расидааст. Дар ҳоле, ки осор ва бақоёи зулмҳои Элмор Валиев ҳамчунон бар дувумин шаҳри бузурги ҷумҳурии Озарбойҷон соя афкандааст ва мардуми ин шаҳр тарсу ваҳшати ҳузури фармондори собиқро дар ин шаҳр ҳамчунон эҳсос мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад