Ҷасади Хошуқҷи сӯзонида шудааст

Расонаҳои арабӣ аз сӯзонида шудани ҷасади Ҷамол Хошуқҷи, мунтақиди саудӣ дар манзили сарконсули Арабистон дар шаҳри Истанбули Туркия хабар доданд.

Манобеи арабӣ эълом карданд, шавоҳид нишон медиҳад, ҷасади Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар як танури газӣ дар манзили сарконсули саудӣ дар Истанбул сӯзонида шудааст.

Гуфта мешавад, изҳороти коргаре, ки ба дархости мустақими сарконсули саудӣ тануре бо вежагиҳои мушаххас сохта буд, абъоди ҷиноятро ифшо кардааст.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин полиси Истанбул аз кашфи ду танур дар хонаи сарконсули Арабистон хабар дода буд, ки бо газ ва чӯб равшан мешавад ва эҳтимол дорад ҷасади Хошуқҷи баъд аз тикка – тикка шудан дар ин танурҳо сӯзонда шуда бошад.

Ҷамол Хошқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ дувуми октябри соли гузашта дар консулгарии саудӣ, воқеъ дар шаҳри Истанбул ба қатл расид.

Арзёбиҳои созмонҳои иттилоотии Туркия ҳикоят аз он дорад, ки амрдиҳандаи қатли Хошуқҷи яке аз мақомҳои радаи болои саудӣ ва ба эҳтимоли қавӣ шахси Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад