Вобастагӣ ба даромади муҳоҷирини корӣ

Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон, мизи гирдеро дар мавриди натиҷаи таҳқиқоте, ки тавассути Муассисаи мутолиоти ини ожонс таҳти унвони «муҳоҷират ва интиқоли пул тавассути нерӯи корӣ дар Тоҷикистон» сурат гирифта, баргузор кард.

Ҳадафи аслии ин мутолиот, дарк ва шинохти бештар дар мавриди падидаи муҳоҷират ва интиқоли пул ба хонаводҳо дар Тоҷикистон, бавижа бо таваҷҷуҳ ба чарха ва ҳазинаи муҳоҷират, маҳоратҳои муҳоҷирон ва интиқоли пул унвон шудааст.

Бино ба ишораи намояндагии JICA (ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон) дар Тоҷикистон ин таҳқиқот бархе тавсияҳои сиёсиро ба давлатмардон ироа карда, ки бо иҷрои он коҳиш фақр дар Тоҷикистон ва тавсеа куллӣ иқтисоди ин кишварро ба думбол хоҳад дошт.

Хидеки Танабе, раиси намояндагии JICA дар Тоҷикистон дар ин мизи гирд гуфт: “Натоиҷи бадаст омада мабноеро барои мутолиаи бештари нақши муҳоҷират ва тадвини сиёсатҳои марбутаро фароҳам мекунад”.

Вай аз ширкаткунандагони ин мизи гирд барои истифода аз ин иттилоот дар фаъолиятҳои худ баъд аз интишори расмии он даъват кард.

Ба гуфтаи Танабе, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик барои кор ва фаъолият ба Русия ва теъдоде дигар ба Қазоқистон сафар мекунанд.

Вай афзуд, бовуҷуди бархе навасонот ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ба Душанбе, ҳудуди 40 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ин амр иқтисоди ин кишварро дар қиболи авомили хориҷӣ осебпазир мекунад.

Дар ин мизи гирд намояндагони вазорати кор, муҳоҷират ва иштиғол, вазорати омӯзиш ва парвариш, кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти умури давлатии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайри давлатӣ ширкат карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад