Аввалин акси Гадоев баъди “бозгашт” ба Аврупо

Шарофиддин Гадоев, ки тоза  аз Тоҷикистон баргашт, дар сӯҳбат бо Паём нет гуфт: ба муборизаи худ идома хоҳам дод ва "мо ҳаргиз аз мубориза даст нахоҳем кашид. Пирӯзӣ ё марг"!.

Раҳбари ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон низ гуфта соатҳои наздик ҷузъиёти рабуда шуданаш ва он чӣ ба сараш дар Тоҷикистон омадро баён хоҳад кард.

Дар посух ба суоли Паём нет, ки оё дар Тоҷикистон шиканҷа нашуд, Гадоев гуфт «шиканҷа ҷой дошт, аммо ҷузъиёташро баъди ҷаласаи Паймони миллӣ баён хоҳам кард».

Як манбаъи Паём нет, ки дар бозпурсии пулиси Олмон аз Шарофиддин Гадоев ҳузур доштааст, гуфт «ба суоли пулис оиди чӣ гуна ба Тоҷикисто баргаштанаш Гадоев посух дод ӯро ғайриқонунӣ боздошт ва бидуни ҳеҷ расмиёте ба Тоҷикистон истирдод кардаанд».

Чанд дақиқа қабл аз сӯҳбати Паём бо Гадоев, Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар пахши мустақим аз фурӯдгоҳи Франкфурт сӯҳбат кард, гуфт рӯзҳо ё ҳатто соатҳои наздик изҳороти расмии Паймони миллӣ дар робита бо бозгашти Шарофиддин Гадоев нашр хоҳад шуд.

Ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ Шарофиддин Гадоев ҳам дар эфир зуҳур кард ва ба ҳамаи онҳое, ки дар қазияи ӯ бетараф набуданд, изҳори сипос кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт ҳоли Шарофиддин хуб аст, аммо ба истироҳат ниёз дорад. Ӯ аз ҳамаи кишварҳо, созмонҳо ва нафароне, ки дар наҷоти Шарофиддин кӯмак карданд, ташаккур кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад