9 ҳазору 317 нафар зиндонӣ дар Тоҷикистон

Бо такия ба ин додаҳо, Тоҷикистон аз рӯи шумори зиндониён охирин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар Қирғизистон 10 ҳазору 574 тан дар ҳоли ҳозир муҳлати ҳабсро паси сар мекунанд ва ин кишвар аз Тоҷикистон як зина болотар аст.

Узбекистон, ки 43 ҳазору 900 тан зиндонӣ дорад, аз ин ҷиҳат теъдоди маҳбусон нахустин кишвари минтақа баршумурда мешавад.

Қазоқистон бо 39 ҳазору 219 тан ва Туркманистон бо 30 ҳазору 452 тан зиндонӣ дар раддаҳои дувум ва савум қарор доранд.

Тибқи ин гузоришҳо, Тоҷикистон 18 зиндон дорад.

Зиндони Душанбе, ки соли 1935 сохта шудааст, кӯҳнатарин зиндони кишвар ба шумор меравад.

Ин зиндон барои 1,5 ҳазор тан маҳбус пешбинӣ шудааст.

Қобтли зикр аст, ки бояд ҷамъияти кишварҳоро дар назар гирифт ва ба дарсадро маълум кард. Ба назар мерасад бар асоси ҷамъияти кишварҳо агар нигоҳ кунем он вақт беҳтар маълум мешавад, ки кадом кишвар зиндонии бештар доштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад