Иморот омили бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷануби Яман аст

Аҳмад ал Мисрӣ, вазири кишвари давлати мустаъфии Яман, ба раёсати Мансур Ҳодӣ, дар ҷаласаи машваратӣ бо имомони ҷамоат ва хатибони шаҳри Адан эълом кард, иморотиҳо дар террори хатибон ва имомони ҷамоат ва фармондеҳони сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ тайи се соли гузашта, нақш доштаанд.

Вай бо ишора ба инки ихтилофе дар робитаи давлати мустаъфии Яман бо эътилофи Саудӣ пеш омада, афзуд, ҳар касе манофеи Иморот ва Арабистони Саудиро бар манофеи кишвараш тарҷеҳ диҳад, мунофиқ аст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, суханонм вазирм давлатм мустаъфим Яман, ки Адан ва бархе аз устонҳои ҷанубиро дар ихтиёр дорад, нишонае аз афзоиши ихтилофоти Арабистон ва Иморот дар ҷануби Яман аст.

Режими Саудӣ ва муттаҳидонаш токунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар, аз ҷумла ба қудрат расондани дастнишондагон бирасанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад