Амрико ва Арабистон дар бораи Хошуқҷӣ бо СММ ҳамкорӣ намекунанд

Агнес Каламард, гузоришгари вижаи СММ дар заминаи эъдомҳои бидуни муҳокима, таъкид кард, мақомоти Саудӣ монеи талошҳои Туркия дар заминаи таҳқиқот марбут ба террори Ҷамол Хошуқҷӣ мешаванд.

Вай дар идома афзуд, далилҳои мо нишон медиҳад, ки ин ҷиноят бо огоҳӣ ва назорати масъулони Саудӣ, сурат гирифта ва онҳо монеи таҳқиқот дар ин хусус мешаванд.

Каламард таъкид кард, идома ёфтани мухолифати мақомоти Саудӣ бо нишон додани макони ихтифои ҷасади Хошуқҷӣ, баёнгари набуди виҷдон аст ва мо ҳеҷ ҳамкорӣ аз сӯи мақомоти Саудӣ дарёфт накардаем. Сервиси иттилооти марказии Амрико низ бо мо ҳамкорӣ намекунад.

Парвандаи террори Ҷамол Хошқуҷӣ дар сояи заду бандҳои мақомоти Саудӣ бо бархе кишварҳо, сарнавишти номаълуме пайдо кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад