Таҳдиди Покистон ба Мумбаӣ ва Деҳлии Нав

Осиф Ғафур дар Нишасти хабарӣ дар вокуниш ба нақзи ҳарими ҳавоии Покистон тавассути Ҳинд таъкид кард: Артиши ин кишвар бо анвои силоҳи сангин аз ҷумла танк дар марзи Сиачен мустақар ва омодаи ҳамла ба Кашмири таҳти контроли Ҳинд аст.

Вай ҳамчунин аз даргирии байни нерӯҳои ин кишвар ва Ҳинд дар марзҳои муштарак хабар дод ва афзуд: Мушакҳои Покистон омодаи шиллик ба нуқоти ҳассоси Кашмир ҳастанд ва мушакҳои ҳастаии Покистон низ омодаанд, Мумбаӣ ва Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндро ҳадаф қарор диҳанд.

Таниш байни Ҳинд ва Покистон дар паи иқдоми сешанбеи Ҳинд дар нақзи ҳарими ҳавоии Покистон ва бомбборони аҳдофе дар дохили хоки ин кишвар ташдид шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад