Сафари Нетаняҳу ба Маскав

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Бинямин Нетаняҳу сарвазири режими саҳюнистӣ дар паёми видеоие гуфт, ки имрӯз (чаҳоршанбе) бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мулоқот кунад.

Сарвазири режими саҳюнистӣ дар идомаи ин паёми видеоӣ гуфт, ки меҳвари гуфтугӯҳои вай бо Путин истиқрори нерӯҳои эронӣ дар Сурия аст.

Нетаняҳу дар идома муддаӣ шуд: ”Мо алайҳи ин амр иқдом ва ба пойгоҳҳои онҳо ҳамла мекунем. Мо ба иқдомоти алайҳи онҳо идома медиҳем, ва дар ин маврид бо раисиҷумҳур Путин сӯҳбат хоҳам кард”.

сарвазири режими саҳюнистӣ ду рӯз пеш низ гуфта буд: “Чаҳоршанбе бо раисиҷумҳур Путин дидор хоҳам кард, тавофуқ кардем, ки масъалаи аслӣ дар ин дидор, “Эрон” бошад ҳамонгуна, ки аз ҳамоҳангии миёни артиши Исроил ва Русия барои пешгирӣ аз бархӯрд сӯҳбат хоҳем кард, ин гуфтугӯҳо барои амнияти Исроил муҳим аст”.

Ӯ афзуд: “Аз қавли мақоме эронӣ шунидам, ки онҳо 90 дарсади аҳдофи худ дар Сурияро муҳаққақ кардаанд. Ин дуруст нест, паёми ман барои онҳо ин аст, ки Исроил дар сурати зарурат, ба кори худ идома (дар Сурия) хоҳад дод”.

Сарвазири режими саҳюнистӣ ишора накард, ки чаро “муваффақияти 90 дарсадии Эрон дар расидан ба аҳдофаш дар Сурия” дуруст нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад