КДАМ масъули нави парвандаи Шарофиддин Гадоев

Ба гузориши TajikPress ба нақл аз сомонаи Ахбор, Шарофиддин Гадоевро ба дасти мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) супурдаанд ва ташаббус дар масъалаи Гадоев аз дасти ВКД гирифта шуда ва ба дасти КДАМ дода шудааст.

Сомонаи Ахбор бо ишора ба ин ки, ду манбаъ яке аз дӯстони Гадоев дар Тоҷикистон ва як манбаъи наздик ба роҳбарони оппозитсия рӯзи 26-уми феврал хабар додаанд, ки Гадоев дастикам ду рӯзи охир дар дасти мақомоти КДАМ қарор доранд, ба ин нукта ишора кард, ки ду достони мутафовит дар ин бора зикр шудааст.

Сомонаи Ахбор меафзояд: “Дӯсти Гадоев гуфт, ки бо вай дар яке аз раёсатҳои КДАМ дар бинои марказии ин идора “кор” карда истодаанд. Аммо манбаи наздик ба роҳбарони мухолифин гуфт, ба иттилои ӯ, Гадоевро дар яке аз бӯстонсароҳои марбут ба КДАМ дар дараи Варзоб нигоҳ медоранд ва мақомоти амният ӯро дар ҳамон ҷо пурсуҷӯ мекунанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки чанд рӯзе аст хабаре аз ягон видеои нав дар бораи Гадоев нашр нашудааст, танҳо як акс бо собиқ аъзои “Гурӯҳи 24” нашр шудааст.

Ахбор дар идома навиштааст: “Баъди шаби 20 феврал аз Фархор ба Душанбе овардани вай, модару хоҳар ва дигар хешовандонашро аз ҳар навъ суҳбат бо хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи қазияи Гадоев қатъиян манъ кардаанд ва телефонҳои ҳеҷ кадоми онҳо инак 5 рӯз боз ҷавоб намедиҳад.”

Ин манбаъ идома додааст: “Нашри видеоҳои нави Гадоевро низ мақомот манъ кардаанд, чунки, ба ақидаи онҳо, ягон видео дигар наметавонад таъсири видеои қабл аз сафараш ба Русия сабткардаи ӯро, ки рӯзи 20 феврал нашр шуд ва мисли таркиши бомба ҳама фарзияҳои расмии мақомоти Душанберо зеру забар кард, рафъ кунад.”

Талотуми ҳодисот дар намоишномаи “Бозгашти ихтиёрии Шарофиддин Гадоев”, тавре мебинем, хилофи хости коргардонҳо рафт. Ошкор шудани ҷузъиёти чигуна рабудани ӯ дар Маскав ва ба сараш халта пӯшонда, ба Тоҷикистон овардани ин намояндаи мухолифин, аз мақомоти давлатии Тоҷикистон шарҳи қазияи тақозо кардани Шоҳигарии Ҳолланд, ки Гадоев дар ин кишвар расман мақоми паноҳандаи сиёсиро дошт, изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар бораи дунбол кардани ҷараёни таҳавуллоти марбут ба қазияи Гадоев, ошкор шудани сӯиистифода аз номи Николай Патрушев, як генерали пурнуфузи наздик ба президенти Русия Владимир Путин ва видеои “бомба”-и худи Гадоев, ки изҳороти пайдарпайи мақомот дар бораи бозгашти ихтиёрии ӯро нафақат такзиб кард, балки аз дурӯғ парҳез накардани мақомоти расмии Душанберо низ рӯи об баровард – ин ҳама Душанберо дар як ҳолати дар воқеъ танг қарор додааст.

“Дар ин шароит барои Душанбе дигар муҳим ин нест, ки ба фарзияи қаблии “бозгашти ихтиёрӣ”-и Гадоев пойфишорӣ кунад. Муҳим барои Душанбе дар ин вазъият баромадан аз ин буҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва бо ҳифзи обрӯ аст,” – мегӯяд як мақоми баландпояи давлатӣ, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ намехоҳад номаш бурда шавад.

Ба назари таҳлилгарон, як мояи нигаронии Душанбе ин аст, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маъмулан дар баробари чунин масоил муштаракан иқдом мекунанд ва агар мавзӯи эълони таҳримот ба зидди ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорони алоҳидаи зидахл дар ин қазияи одамрабоӣ матраҳ шавад, нақшаҳои зиёди ҳукумат, аз ҷумла умедаш барои ҷалби сармояи Ғарб ба сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун нақше дар об хоҳад шуд.

“Мавзӯи дигар худи баста шудани дарҳои Аврупо ба рӯи мақомоти Тоҷикистон аст. Умед бастан танҳо ба кумакҳои Чин кори оқилонае нест. Чин як давлати хеле прагматик аст ва агар бубинад, ки Душанбе алтернативаи дигаре надорад ва роҳаш ба сӯи Ғарб баста шудааст, барои қарзу кумакҳои баъдиаш ҳатман шартҳои сангинтару сангинтар хоҳад гузошт. Барои ин, дар Душанбе шитоб доранд, ки ҳанӯз мавзӯи таҳримот матраҳ ношуда, қазияи Гадоевро ба гунае ҳал кунанд,” – мегӯяд яке аз мусоҳибон дар Душанбе.

Ва дар ҳоле ки мақомоти амниятӣ бо Гадоев “кор” карда истодаанд, ниҳодҳои дигар роҳҳои мухталифи ҳалли буҳрони Гадоевро баррасӣ доранд. Пешниҳодҳо гуногунанд – аз ҷавоб додани вай ба Аврупо то афви Гадоев бар асоси моддаи 307 ва маҳкум кардани ӯ ба чанд соли зиндон бо иттиҳомоти дигар, аз ҷумла барои қочоқ ва сохтакории санадҳо. Ин бархӯрди мухталифи ду ҷиноҳи мухталиф дохили ҳукумат нишон медиҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад