Посухи Саймуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ба 7 пурсиши Озодӣ дар бораи Шарофиддин Гадоев

Ба гузориши TajikPress, Саймуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, журналист ва роҳбари ниҳоди расонаии ИНДЕМ ва ҳамчунин коршиноси масоили амниятии тоҷик, бо нашри як матлаб, ба 7 пурсиши радиои Озодӣ дар мавриди қазияи Шарофиддин Гадоев посух дод.

Шарҳи матлаби Саймуҳиддин Дӯстмуҳаммадиёнро, ки дар саҳифаи шахсияш дар ФБ мунташир кардаастро дар зайл мехонед:

Вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии худ медонам, ки дар бораи қазияи Шарофиддин Гадоев тавассути посух ба ҳафт суоли ҳирфаии радиои “Озодӣ” изҳори назар кунам. Вале пеш аз баёни асли қазия чанд нуктаи муҳимро бояд рушан кард:

  1. Шарофиддин Гадоевро як бор дар Урупо барои чанд соат дидаам. Тобистони соли гузашта буд, вале эҳсоси рафоқат кардаму баъди он суҳбатҳои зиёди онлайн доштем. Бори ахир як рӯз пеш аз боздошташ дар Маскав. Дар роҳ будам, ки занг заду бо руҳи болида гуфт, ҷиҳати вохӯрӣ бо чанде аз ашхоси муҳим ба Фаронса равон аст. Агар медонистам, ба Маскав меравад, достони “ақли маро таҳқир накун”-ро мегуфтам барояш. Хеле мутаасифам, ки нагуфт. Шояд дастур ҳам дошт, ки набояд сафарашро ба ман ошкор кунад. А ӯ наранҷидаам, чун хуб дарк мекунам, ки мубориз будан дар чунин шароит кори осон нест;
  2. Суҳбатҳои мо аслан ё табодули афкор дар масоили сиёсӣ-иҷтимоӣ буд ё пурсишҳои ӯ дар бораи нақши чеҳраҳои калидии сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон, дақиқтараш “Оила”;
  3. Шарофиддин Гадоевро аз сиёсиҳои инқилобӣ медонам, ки ҷудо шуданаш аз “Гуруҳи 24” ва таъсиси ташаккули навашро амалҳои оқилона дарёфтаам, аммо пайвастанашро ба Паймони миллӣ иштибоҳ, зеро мутмаинам, ки “наҳзатисозии муборизахоҳӣ” дар дохилу беруни кишвар стротежии ноком асту зодаи тафаккури гуруҳӣ, на миллӣ. Дашномдиҳияшро қабул надоштам. Чанд бор дӯстона хоҳиш кардам, ки ба ягон донишгоҳ дохил шавад, мегуфт “баъди ғалаба”;
  4. Қазияи бо ӯ рухдода ва ҷасорати девонавораш барои бознигарии сиёсати ҳукумату мухолифини берунрондашуда аз як ҷониб ва ҷомеаи шаҳрвандиву расонаҳову дигарандешон аз ҷониби дигар, шароит фароҳам овардааст. Ҳамин суолҳои радиои “Озодӣ”, ки аз чандин вақт боз аз рисолати аслияш дур буд, худ баёнгӯи ҳамин ҳолат мебошанд.

Акнун посух ба 7 суоли радиои “Озодӣ”. Ин суолҳо кадоманд?

Суоли 1. Чаро Шарофиддин Гадоев тасмим гирифт ба Русия биравад? (Ӯ иддао кардааст, ки ин сафари дуюмаш ба Русия буд ва дар як навори видеоии пеш аз сафар ӯ ошкоро изҳори нигаронӣ мекунад, ки имкон дорад рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон истирдод шавад ).

Посух: Ба ин суол танҳо Шарофиддин Гадоев посухи дақиқ дода метавонад, аммо ӯ алҳол наметавонад озодона изҳори назар кунад. Назарҳояш дар ҳолате, ки ӯ қарор дорад, қобили эътимод нестанд, магар ин ки аз ҳудуди ягон сафорат садо диҳанд ё намедонам, дар ҳузури Раҳматулло Зойиров ё Ойниҳол Бобоназарова. Ҳамсафонаш аз “Паймони миллӣ” сафари ӯ ба Русияро тасмими инфиродии ӯ мехонанд, ки чунин нест. Тадриҷан тафсилоти ин сафарҳо рӯ задан доранд ва то ин лаҳза маълум аст, ки:

1) Шарофиддин Гадоев ду бор ба Русия сафар доштааст. Бори нахуст 28-уми ноябри соли 2018 ва бори дуюм 13-уми феврали соли ҷорӣ. Масири парвозҳояш маълуманд, билети бозгашт доштанаш низ;

2) Ӯ ду бор визаи Русияро расман ба даст овардааст ва дар гузаштани сарҳади Русия ҳич мушкил надоштааст;

3) Аз Маскав ӯ танҳо бо ду кас: бо ҳамсараш ва раиси “Паймони миллӣ” суҳбат доштааст;

4) Суҳбати ахири ӯ бо ин ду нафар шоми рӯзи сафараш сурат гирифтааст;

5) Забти аудиоии ҳама суҳбатҳои Шарофиддин Гадоев дар ихтиёри мақомоти амниятии Иттиҳодияи Аврупо мавҷуд аст, зеро ба иқрори худаш ва вакили аврупоияш аз замони қазияи “таслимшавии” Маҳмадалӣ Расулов ӯ зери назорати шадиди мақомоти амниятии чанд кишвари Аврупо қарор дошт;

 

Суоли 2. Чаро Гадоев дар видеои пеш аз сафараш ба Русия мегӯяд, ки ният дорад бо афроде аз Шӯрои амнияти Русия дидору мулоқот кунад?

Посух: Масъулияти таъмини сафари якум ва дуюми ӯ танҳо ба души як нафар, кироякори шубҳанок – Николай Николаев вогузор будааст. (Мансубияти ӯ ба хадамоти ҷосусӣ аз ҷониби журналистони тадқиқотгари аврупоӣ ва ҳукумати Ҳоланд таҳқиқ мешавад). Ягон нафари дигар барои таъмини амнияти сафари Гадоев ба Русия масъул набудааст. Аз суханронии вакили ӯ Виктория Надеждина дар расонаҳои урупоӣ бармеояд, ки худи шахси Николай Николаев аз номи Шурои амнияти Русия ба Гадоев кафолати сафар дода, ба ҳайси далел таҳия кардани виза бо дахолати фаврии Хадамоти сарҳадии Русияро овардааст. Забти аудиоии суҳбатҳои Николаев дар ихтиёри мақомоти Ҳоланд қарор доранд.

 

Суоли 3. Баъди нашри видеое, ки зоҳиран пеш аз сафараш ба Русия сабт шудаасту дар он аз эҳтимоли кушта шудан ва ё истирдоди маҷбуриаш ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, Шарофиддин Гадоев ҳеҷ гоҳ дар ҳолати ҳаракат ва гаштугузори озод дар кӯчаҳои Душанбе дида нашуд. Ӯ феълан дар куҷост? Озод аст ва ё дар зиндон мебошад? Чаро дигар аз ӯ ҳеҷ хабаре нашуд?

Посух: Видеои мавриди зикр пеш аз кӯшиши номуваффақи сафар ба Русия дар санаи 14 ноябр бардошта шудааст. Ҳамчунон, ки расонаҳо навиштанд он бо талоши “Паймони миллӣ” расонаӣ шуд, ки аз назари ман, баёнгӯи ҳамоқати сиёсӣ ва камаҳмиятӣ ба саломативу ҷони Шарофиддин Гадоев мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки ҳамсари Шарофиддин Гадоев дар як суҳбати телефонӣ назарамро дар бораи расонаӣ кардани ин навор пурсид. Гуфтам, ки комилан зид мебошам, зеро “бозӣ бо ҷони инсон аст”, “шумори иштирокдорони золими ин амалиёти махсусро зиёд мегардонад ва бар ғазаби онҳо меафзояд”, “то маълум шудани статуси ҳуқуқии ӯ нашри навор аҳмақӣ аст”. Хабарҳо дар бораи ӯ соату рӯзҳои наздик пайдо хоҳанд шуд, баъди баррасиҳо дар сатҳи болои сиёсӣ, албатта.

 

Суоли 4. То куҷо рост аст, ки исми Шарофиддин Гадоев дар феҳристи сурхи Интерпол ворид шуда буд?

Посух: Исми Шарофиддин Гадоев то ҳол дар “листи сурхи” Интерпол мавҷуд мебошад. Тоҷикистон ва Қирғизистон ӯро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд. Худи Шарофиддин Гадоев кӯшиши берун кардани худ аз ин листро надоштааст, вале баъди боздошти ӯ ва вокуниши расонаӣ чанд созмон барои берун кардани ӯ аз ин лист парвандасозӣ доранд. Чандин институтҳои урупоӣ ин қазияро зидди Интерпол низ истифода хоҳанд бурд. Ду тамос ҳам ба ман ҷиҳати пешниҳоди маълумот сурат гирифт.

 

Суоли 5. То куҷо бозгашти ӯ ба Тоҷикистон воқеан ҳам ихтиёрӣ буд, на маҷбурӣ?

Посух: Бозгашти ӯ ба Тоҷикистон натиҷаи амалиёти махсуси муваффақи мақомот ҷиҳати боздошт ва истирдоди ӯ аз Русия аст, ки бархилофи қонунгузории Тоҷикистон, Русия ва қавонини байналхалқӣ сурат гирифтааст. “Бомби иттилоотӣ” буд, албатта, вале дар он аломатҳои возеҳи кирдори ҷиноятии одамрабоӣ дида мешаванд.

 

Суоли 6. Рӯзи 21 феврал модари Гадоев гуфт, ки “чанд фарде бо либоси маданӣ (мулкӣ) писари ӯро ҳамроҳӣ мекарданд” ва билохира баъди он ки шоми чоршанбе бо онҳо берун рафт, дигар касе ӯро надид. Ин афрод кистанд ва Гадоевро ба куҷо бурданд?

Посух: Шарофиддин Гадоев ба ҳайси гумонбаршуда дар боздошт қарор дорад. Ба иттилоии вакили урупоияш “адвокат нагирифтааст, ба ӯ адвокат надодаанд, ба ташхиси тиббии мустақил дастрасӣ надорад”, “дар чорчуби чорабиниҳои тарғиботии ҳукумат зери назорати шадиди пулис ва амният аз ӯ ва ду тан наздиконаш сӯистифода мешавад”, “шахсият ва мансубияти посбононаш барои ӯ ва наздиконаш номаълуманд ” аммо “ ӯ омодааст, ки афваш кунанд ва фаъолияташро дар Тоҷикистон идома диҳад”. Барои ҷомеа ва вакилони урупоии Шарофиддин Гадоев танҳо вохӯриҳои ӯ бо модару хоҳараш муҳим ба назар мерасанд.

 

Суоли 7. То куҷо мақомот бо ваъдаи афв воқеан ҳам ӯро озод мекунанд ва ӯ метавонад ҳамчун як шаҳрванди озод ва комилҳуқуқ зиндагии худро дар кишвар ва ё берун аз он идома диҳад?

Посух: Баъд аз нашри видеои “васият” мақомоти Тоҷикистон дар ҳолати ногувор мондаанд. Вале ногувории ин ҳолат, на аз фишори афкори умум ва ҳатто эътирофи татбиқи афв, балки аз нороҳатӣ ва мавзеъгирии ҳаммаслакони русиягияшон ва рискҳои аврупоии ин қазия маншаъ мегирад, ки бинобар басо доманадор гаштанаш дар ҳолати татбиқ накардани афв, он ҳам дар пешорӯи интихоботи президентии 2020 воқеъан мушкилзо мешавад. Дар посух ба идомаи суол инҷо бояд тазаккур бояд дод, ки баъд аз тағйироти конститутсионии соли 2015 дар Тоҷикистон танҳо як нафар (!) шаҳрванди озод ва комилҳуқуқ боқӣ мондаасту бас.

 

Ба ҷои охирсухан

Ба гумони ғолиб, мақомоти қудратӣ ва баъди нашри навори “васият”, акнун Прокуратураи генералӣ низ, ҷонибдори афви Гадоев тибқи талаботи моддаи 307 ва зиндонӣ кардани ӯ бо иттиҳоми дигар мебошанд, аммо Вазорати корҳои хориҷӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва Котиботи Шурои амният, ки таҷрибаи аз қазияҳои мушкилтари Урунбой Усмонов (2011) ва Александр Содиқов (2014) бе дарди сар халос шуданро доранд, мавзеъгирии дигар хоҳанд дошт. Барои ҳамин қазия доманадор хоҳад буд.

PS: Аз дӯстону азизон ҷиҳати дер нашр кардани ин нигошта бо сабабҳои айнӣ узр мехоҳам.

 

Лозим ба зикр аст, ки TajikPress ин матлабро мунташир кардааст ва нашри ин матлаб ба маънои сиёсатҳои ин сомона нест

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад