Кӯмак ба Сурия кӯмак ба муқовимат аст

Ба гузориши Тоҷик Пресс, оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз (душанбе) дар дидор бо Башшор Асад раисиҷумҳури Сурия, рамзи пирӯзии Сурия ва ба шикаст кашондани Амрико ва муздурони минтақаии онро истиқомати раисиҷумҳур ва мардуми Сурия ва пофишории онон бар муқовимат хонда ва бо таъкид бар лузуми муроқибат дар муқобили тавтеаҳои оянда, хотирнишон карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон, кӯмак ба давлат ва миллати Сурияро кӯмак ба ҳаракат ва ҷараёни муқовимат медонад ва аз самими қалб ба он ифтихор мекунад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истодагии содиқонаи Ҷ.И Эрон дар канори миллат ва давлати Сурия аз ҳамон ибтидои бӯҳрон, афзуданд: “Сурия бо истиқомат ва ҳамроҳии мардуми он тавонист дар муқобили як эътилофи бузурги ташкил шуда аз Амрико, Аврупо ва муттаҳидони онҳо дар минтақа истодагӣ кунад ва бо пирӯзӣ аз ин ҳодиса хориҷ шавад”.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, пирӯзии ҷараёни муқовимат дар Сурияро мӯҷиби асабонияти амрикоиҳо ва талоши онон барои тарроҳии тавтеаҳои ҷадид донистанд ва бо ишора ба намунае дар ин замина гуфтанд: “Масъалаи минтақаи ҳоил, ки амрикоиҳо дар Сурия ба дунболи эҷоди он ҳастанд, аз ҷумлаи ин тавтеаҳои хатарнок аст, ки бояд бо қотеъият онро рад кард ва дар муқобили он истод”.

Эшон, барномаи амрикоиҳо барои ҳузури муассир дар марзи Ироқ ва Сурияро намунае дигар аз тарроҳиҳои онҳо шумурданд ва таъкид карданд: “Эрон ва Сурия умқи роҳбурдии якдигар ҳастанд ва ҳувият ва қудрати ҷараёни муқовимат вобаста ба ин иртиботи мустамар ва роҳбурдӣ аст, бар ин асос душманон нахоҳанд тавонист нақшаҳои худро амалиётӣ кунанд”.

Раҳбари Ҷ.И Эрон ба як хатои муҳосиботии душманон дар қазияи Сурия низ ишора ва хотирнишон карданд: “Иштибоҳи душманон ин буд, ки Сурияро бо бархе кишварҳои арабӣ иштибоҳ гирифтанд, дар ҳоле, ки дар он кишварҳо ҳаракати мардум дар ҷиҳати муқовимат ва дар воқеъ, қиёми алайҳи Амрико ва дастнишондагони он буд”.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон ҳамчунин иртибототи мазҳабӣ ва рафту омади уламои мазҳабии Эрон ва Сурияро ниёзманди тақвият ва густариш хонданд ва бо таъкид бар лузуми ҳифзи рӯҳияи истодагӣ ва афзоиши қудрати давлат ва миллати Сурия, хитоб ба раисиҷумҳури ин кишвар гуфтанд: “Ҷаноби олӣ бо истодагие, ки аз худ нишон додед ба қаҳрамони ҷаҳони араб табдил шудед ва муқовимат дар минтақа ба василаи шумо қудрат ва обрӯи бештаре ёфт”.

Эшон хотирнишон карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун гузашта дар канори миллати Сурия хоҳад буд, зеро ин корро кӯмак ба ҷараён ва ҳаракати муқовимат медонад ва бо эътиқоде аз самими қалб, ба ҳимоят аз муқовимат ифтихор мекунад”.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин барои тавфиқи миллати Сурия ва саломатии оқои Асад ва хонаводаи эшон дуо карданд.

Дар ин дидор, оқои Башшор Асад раисиҷумҳури Сурия бо таҷлил аз ҳимоятҳои бе дареғи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишвараш, гуфт: “Ҷанги Сурия мушобеҳи ҷанги таҳмилии ҳашт солаи алайҳи Эрон буд. Эрон дар ин ҳодиса фидокорона дар канори мо буд ва лозим аст муваффақияти кунуниро ба ҷаноби олӣ ва ҳама эрониҳо табрик бигӯям ва аз онон қадрдонӣ кунам”.

Раисиҷумҳури Сурия бо ишора ба бархе таҳлилҳо, ки кори Сурияро тамомшуда медонистанд, афзуд: “Эрон ва Сурия миллатҳои дорои ҳувият ва ақида ҳастанд ва дастовардҳои имрӯз агарчӣ бо заҳмат ва зиён ба даст омада, аммо яқинан натиҷаи истодагӣ дар канори ҷараёни муқовимат аст”.

Оқои Асад бо ёдоварии хисоратҳои сангине, ки бархе кишварҳо ба дунболи таслим шудан дар муқобили Амрико дидаанд, гуфт: “Бисёре аз кишварҳо мақҳури Амрико буданд ва тасаввур мекарданд ин Амрико аст, ки сарнавишт ва ояндаи ҷаҳонро таъйин мекунад аммо дар асари истодагии миллатҳои муқовим, ин тасаввури ғалат дар ҳоли фурӯпошӣ аст”.

Раисиҷумҳури Сурия бо ишора ба намунаҳое аз талошҳои тафриқаафканонаи Амрико ва муттаҳидони минтақаии он дар миёни ақвом ва мазоҳиби Сурия, афзуд: “Ин талошҳо натиҷаи акс додааст ва имрӯз дар Сурия, курдҳо ва ашоир равобити хубе бо давлат доранд ва ҳатто бархе гурӯҳҳо, ки собиқаи даргирӣ ва ихтилоф бо давлат доштанд, имрӯз бар хилофи назари Амрико ва Арабистони Саудӣ бо давлат ҳамроҳ шудаанд”.

Башшор Асад, тақвияти иртибототи мазҳабӣ ҳамчун иртибототи уламои Сурия бо уламои Эронро фурсате муҳимм барои муқобилаи ҷараёнҳои такфирӣ шумурд ва гуфт: “Эрон ва Сурия бояд равобити иқтисодии худро доиман густариш диҳанд чаро, ки афзоиши иртиботот, омили муҳимме дар хунсо кардани тавтеаҳои душманони ду миллат хоҳад буд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад