Давлат ва мухолифон бо ҳам созиш кунанд

Ба гузориши хабаргузории TajikPress ба нақл аз Азия плюс, Рустам Ҳайдаров мӯътақид аст, ки пас аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 ҳукумат ва мухолифони вақт ба тавофуқи созанда расида буданд, вале тайи солҳои баъдӣ ба далоили мухталиф дубора ин ихтилофот буруз кард.

Шояд яке аз иллатҳои ин шароити набуди гуфтугӯҳои созанда ва бароварда нашудани интизороти мухолифон мебошад, ки тайи солҳои ахир бо рафтани теъдоди зиёде аз ин афрод ба хориҷ ва роҳандозии таблиғоти шадид алайҳи ҳукумат шудааст, ки ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латма ворид кардааст. Аммо тардиде нест, ки ҳарду тараф шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва кишвар ва миллати худро дӯст медоранд ва ба дарки ин нукта расидаанд, ки бо музокироти созанда ва поён додан ба ихтилофоти сиёсӣ, барои таъмини рушд ва пешрафти ин ҷумҳурӣ талош ба харҷ диҳанд.

Зеро расидан ба созиш ва бозгашти мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз хориҷ ба маънеи таъмини амният хоҳад буд, ки роҳи рушди роҳбурдии Тоҷикистонро дар фазои мусолиматомез ҳамвор хоҳад кард. Ҷои хушҳолӣ дорад, ки нухбагони сиёсии Тоҷикистон низ ба дарки ин воқеият расидаанд, ки идомаи ихтилофот ва танишҳо ба нафъи кишвар ва ҳеҷ гурӯҳе нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад