HRW: “Шарофиддин Гадоев дар Русия худсарона дастгир ва лату кӯб шудааст”

Ба гузориши Тоҷик Пресс, чаҳор созмони байналмилалии “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”, “Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ”, “Human Rights Watch” ва “Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ” рӯзи 24-и феврал дар изҳороташон мақомоти Русия ва Тоҷикистонро барои ба гуфтаи онҳо “боздошти худсарона”-и Шарофиддин Гадоев айбдор карданд.

Шарофиддин Гадоев, узви Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон, рӯзи 13-и феврали имсол бо ҳадафи мулоқот бо мақомоти амниятии Русия ба Маскав рафт ва рӯзи 15-и феврал дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон билофосила гуфтанд, ки ӯ довталабона ва бо изҳори пушаймонӣ аз кирдорҳои худ, тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба Ватан баргаштааст. Баъдан Шарофиддин Гадоев дар як навори видеоӣ бо лаҳни комилан мухолиф ба ончи ки дар Аврупо ва дар ҷараёни намоишҳои эътирозиаш мегуфт, суҳбат кард ва гуфт, бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон бозгаштааст.

Дар давоми тақрибан даҳ рӯзи охир чанд аксу навор аз Шарофиддин Гадоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки гоҳе ӯро дар ҳалқаи хонавода ва гоҳе дар иҳотаи дӯстону ҳамсояҳо ва ҳамсангарони собиқ намоиш медиҳад.

“Гадоев дар Маскав дастгир ва латту кӯб шуд”

Аммо Стив Свердлов, намояндаи “Дидабони Ҳуқуқи Башар” рӯзи 24-и феврал гуфт, “филму аксҳои саҳнасозишудаи бешумор ҳақиқати тарснокеро, ки Тоҷикистону Русия бешармона тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро намекунанд, тағйир намедиҳад”.

Свердлов дар изҳороти рӯзи якшанбе гуфт, “Шарофиддин Гадоев дар Русия худсарона дастгир шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ба Тоҷикистон бурда шуд. Ҷое, ки ӯ барои фаъолиятҳои осоиштаи худ бо айбномаи сохта рӯбарӯст”.

Наздикони Шарофиддин Гадоев ва манобеи дигар, ки қазияи ӯро таҳқиқ доранд, ба Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтаанд, мақомоти Русияву Тоҷикистон ӯро зӯран дар Маскав боздошт карда ва ба ҳавопаймо бурдаанд. Онҳо мегӯянд, изҳороти Шарофиддин Гадоев дар Тоҷикистон зери фишори равонӣ ва ҷисмонӣ сурат гирифтааст.

Рӯзи 19-и феврал ҳамкорони Гадоев дар хориҷа видеоеро нашр карданд, ки ӯ қабл аз сафараш ба Маскав сабт намудааст. Вай дар навор мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас, ӯро рабудаанд, чун ҳеҷ гоҳ ихтиёрӣ барнамегардад ва “ба ҳукумат таслим намешавад”.

 

Баъди дидор дар меҳмонхона чӣ иттифоқе афтод?

Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳоланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ буд, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Ӯ то замони пайдо шудан дар Душанбе, раиси ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон буд.

Гадоев дар гузашта муовини Умаралӣ Қувватов, раиси “Гуруҳи 24” ва аз хешовандони ӯ буд. Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 «Гурӯҳи 24»-ро мамнӯъ ва баъдан созмони экстремистӣ эълон карданд. То кунун чандин нафар бо ҷурми узвият дар ин созмон боздошту зиндонӣ шудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Гадоев рӯзи 13-и феврал бо нияти мулоқот бо мақомоти Шӯрои амнияти Русия дар робита бо Тоҷикистон ба Маскав рафт. Манбаъҳое, ки ин қазияро таҳқиқ доранд, гуфтаанд, кормандони Шӯрои амният нимаи рӯзи 14-и феврал бо ӯ дар меҳмонхонае вохӯрданд, то ӯро ба мулоқот бибаранд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки баъдан Гадоевро ба фурудгоҳи “Домодедово” бурдаанд. Наздикони ӯ ба Human Rights Watch гуфтаанд, маъмурон дар дохили мошин ӯро задаанд.

Афсарони рус Гадоевро ба ҳавопаймои “Сомон Эйр”, хатсайри 1223 ба тарафи Душанбе шинондаанд. Ба нақл аз созмони HRW, ҳангоми парвоз ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд ва дар сараш халта пӯшонда буданд.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта ба шиддат ҳуқуқи инсонро дар кишвар нақз карда, садҳо фаъоли сиёсӣ, мудофеи ҳуқуқи башар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъаро ба зиндон андохтааст.

HRW ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ мегӯянд, дар мавриди талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои боздошту зиндонӣ кардан ва бастани даҳони фаъолони мухолифон ва мунтақидон дар дохилу хориҷ далелҳоро ҷамъ кардаанд. Ба қавли онҳо, Душанбе аз соли 2015 ба ин тараф талош кардааст, фаъолони сиёсиро дар Белорусу Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркия ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон дастгир ва маҷбурӣ ба кишвар барад.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақаи Кумитаи Ҳелсинкӣ рӯзи 24-и феврал гуфт: “Агар Душанбе мехоҳад ҷиддӣ бошад, бояд ҳақиқати вонамуд кардани дурӯғро бас кунад”.

Ӯ афзуд: “Масъалаи даҳшатбор ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон метавонанд ба Шарофиддин Гадоев муносибати бераҳмонаро раво бенанд. Бояд шарикони байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ дар он кишвар, бо ӯ вохӯранд ва аз давлати Тоҷикистон тақозо кунанд, то шароитро барои дастрасӣ ба вакили мудофеи хостааш ва ҳамчунин дидор бо аъзои оила таъмин намоянд”.

Мақомоти Русия чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дархости мақомот ба Душанбе истирдод кардаанд. Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, соли 2005 аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва то ҳол мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ рабуда ва ба Тоҷикистон овардаанд.

Чанд нафар аз узви “Гуруҳи 24” низ бо дархости мақомот дар муҳлати кӯтоҳе дар Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузашта гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи зери фишор гузошта ва аз дигарандешон гирифтани изҳорот ба манфиати худро доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад