Хушунатҳои Исроил алайҳи роҳпаймоиҳои “Ҳаққи бозгашт”-и фаластиниён

Бар асоси гузориши Маркази ҳуқуқи башари “Мизон”, дар миёни шуҳадо 40 кӯдак, ду зан, ҳашт маълул, се имдодгар ва ду рӯзноманигор вуҷуд дорад. Дар ин роҳпаймоӣ дастикам 27 ҳазор фаластинӣ низ ба зарби гулӯлаи низомиёни исроилӣ захмӣ шудаанд. Роҳпаймоии фаластиниён дар солгарди Рӯзи замин ёдовари тасмими режими саҳюнистӣ дар заминаи мусодираи арозии фаластиниён дар 30-юми марти соли 1976 аст, ки ҳамасола баргузор мешавад.

Тазоҳуроти “Бозгашт”, ки ба манзалаи мавҷи ҷадиди интифоза алайҳи ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ ва ҳаракати огоҳибахш дар хусуси тавтеаҳои Амрико дар қиболи Фаластин аст, ба шиддат мақомоти ин режим ва ҳомиёнашро нигарон кардааст. Ин мавзӯъ баёнгари нокомиҳои Исроил ва ҳомии аслии он, яъне Амрико аст, ки ба навъҳои мухталиф дар садади тасбити ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ дар минтақа, бавижа дар сарзамини Фаластин аст. Муқовимати мадании мардуми Фаластин, ки дар қолаби тазоҳуроти бозгашти фаластиниён сурат мегирад, дар ҳоле идома ёфтааст, ки фаластиниёни бедифоъ бо шадидтарин иқдомоти саркӯбгарона ва хушунатбори режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Дар шароите ки Амрико ва Исроил ва бархе аз ҳуккоми арабӣ дар садади тағйири муодилоти байналмилалӣ ба нафъи режими саҳюнистӣ дар қолаби муомилаи қарн буданд, фаластиниҳо бо иттико ба зарфиятҳои мухталифи муқовимат, аз ҷумла роҳпаймоии “Бозгашт” амалан ҷабҳаи ҷадидеро барои муқобила бо тавтеаҳо алайҳи Фаластин гушуданд. Яке аз дастовардҳои тазоҳуроти “Бозгашт” тамаркуз ба мавзӯи Фаластин аст. Дастоварди дигар таваҷҷуҳи бештари ҷаҳонӣ ба мавзӯи зарурати рафъи муҳосира аз Ғазза аст, ки аз соли 2007 то ба ҳол ин минтақа дар шароити муҳосира аст. Роҳпаймоии “Бозгашт” ҳовии ин паём барои ҷомеаи байналмилал аст, ки фаластиниҳо ба дунболи роҳҳалҳои матраҳшуда тавассути ҳуккоми арабӣ, аз ҷумла сарони Арабистони Саудӣ нестанд. Мақомоти Арабистон таъкид доранд, ки фаластиниҳо ё бояд ба роҳи созиш бо саҳюнистҳо тан диҳанд ва муодилоти марбут ба онро бипазиранд ва ё бояд сокит шаванд ва дар гӯшае биншинанд. Аммо вокуниши фаластиниҳо нишон дод, ки онон на зиллати созиш дар баробари ишғолгаронро мепазиранд ва на дар кунҷе менишинанд ва сукут мекунанд, то ҳуккоми арабӣ сарнавишти Фаластинро тақдими саҳюнистҳо кунанд.

Нуктаи қобили тааммул он аст, ки ташдиди хушунатҳои Исроил алайҳи роҳпаймоиҳои бозгашт низ на танҳо ба таваққуфи ин ҳаракати эътирозӣ мунҷар нашуд, балки боис шуд, то муқовимат дар соири манотиқи Фаластин, аз ҷумла каронаи бохтарии рӯди Урдун низ ташдид шавад. Ба ин тартиб тазоҳуроти “Бозгашт” ба муҳаррики идома ва густариши эътирозоти зидди саҳюнистии фаластиниҳо табдил шудааст. Тазоҳуроти “Бозгашт” дар навори марзии борикаи Ғазза як масири муборизотии идомадор аст, ки ҳар рӯз густурдатар мешавад, то аҳдофи олии миллати Фаластин мабнӣ бар озодии Фаластин аз ишғол ва бозгашти оворагони фаластинӣ ба Ватанашон ва шикастани муҳосираи Ғазза муҳаққақ шавад. Дар ин миён нуктаи қобили тааммул он аст, ки сукути маҷомеи байналмилалӣ дар баробари ташдиди хушунатҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин, аз ҷумла саркӯби шадиди тазоҳуроти мусолиматомези “Бозгашт” ин режимро дар ташдиди ҷиноёташ густохтар кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад