Музокираи Толибон бо Амрико дар Қатар

Ба гузориши Тоҷик Пресс, “Мулло Адулғанӣ Бародар”, ки чанде пеш аз зиндони Покистон озод шуда буд, ба намояндагӣ аз Толибон барои музокира бо Амрико, ба Қатар рафт.

Интизор меравад Мулло Бародар нақши муҳимме дар музокироти сулҳ дошта бошад ва ин давр аз музокира аҳамияти зиёде дорад.

Мулло Бародар аз таъсискунандагони Толибони Афғонистон дар соли 1994 аст. Ӯ ҳамакнун раъиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аст.

Музокираи Толибон ва Амрико аз имрӯз, душанбе оғоз мешавад, ки ҳадафи аввалияи он барқарории оташбас дар Афғонистон аст.

Ба далели инки Толибон давлати Кобулро ба расмият намешиносад, то кунун Афғонистон дар ин музокирот ширкат накардааст.

Мақомоти амрикоӣ эълом карданд, ки баъд аз ба натиҷа расидани музокироти аввалия бо Толибон, ин гурӯҳ бояд бо намояндагони давлати Афғонистон низ гуфтугӯ кунанд.

Дар ин давр аз музокирот, сарпарастии гурӯҳи музокиракунандаи Амрикоро “Залмай Халилзод” ба ӯҳда дорад.

Дар 27-и январи соли 2019, Толибон ва Амрико тайи музокироте, ки дар Қатар баргузор шуд ба тавофуқоте даст ёфтанд, ки муҳимтарини он хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тайи 18 моҳи оянда буд.

Музокираи Толибон бо давлати Афғонистон баъд аз иҷро шудани оташбас, яке дигар аз тавофуқоти ин давр аз музокирот буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад