Чархиши Туркия аз ғарб ва Амрико ба шарқ ва Русия

Абдуллоҳ Карон бо ишора ба талоши Амрико барои мунсариф кардани Анкара аз хариди сомонаи дифоии С400 аз Русия гуфт: Таҳримҳои ахири Амрико зидди бархе ниҳодҳои Туркия ва ҳамчунин лағви фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии Ф-35 ба Туркия низ дар ҳамин чорчуб қобили таҳлил аст.

Ин узви ҳайъати илмии донишгоҳи Алп Арсалони Туркия ҳамчунин афзуд: Пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва матраҳ шудани эҷоди минтақаи амн дар ин кишвар Туркия иқдомоти Амрикоро ноқизи сиёсатҳои худ қаламдод кард ва тасмим бар наздикии бештар ба Маскав гирифт.

Қобили зикр аст, ки давлати Туркия агар чӣ хато кард ҳавопаймоӣиРусияро мавриди ҳадаф қарор дод вале дар кудатое, ки дар Туркия сурат гирифт русҳо ба Ардуғон кӯмак намуданд то аз кудатое, ки Амрико нақша кашида буд раҳоӣ ёбад. Ба ҳамин сабаб давлатти Туркия зуд ба иштибошаш пай бурд ва масири худро тағийр дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад