Ҳизбуллоҳи Ироқ мавозеъи Амрико дар Сурияро мушакборон кард

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Ҷаъфари Ҳусайнӣ, сухангӯи Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ эълом кард, ки гурдонҳои Ҳизбуллоҳ мавозеъи нерӯҳои амрикоӣ дохили ҳудуди Сурияро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст. Ҳамчунин Ҳусайнӣ афзуд, ки амрикоиҳо ҳадафҳо ва планҳое дар минтақа доранд ва дар садад ҳастанд, ки як амалиёти низомӣ дар марзҳои Ироқ ва Сурия анҷом диҳанд.

Дар суоли шабакаи лубнонии Алмаёдин дар бораи чигунагии ин амалиёт, сухангӯи Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ посух дод: “Мавриди ҳамла қарор додани пойгоҳҳои амрикоӣ саҳеҳ аст, вале мо дар асл гурӯҳҳои террористиро дар Сурия ҳадаф қарор дода будем”.

Ҳамчунин Манобеъи дипломатик ба Алмаёдин гуфтанд, ки дафтари СММ дар Бағдод ахиран номае бо мӯҳтавои манфӣ аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ доданд, вале нерӯҳои Ҳизбуллоҳ, бидуни ин ки аз мӯҳтавои он иттилое дошта бошанд, номаро аз онҳо нагирифтанд ва ба ин дафтар гуфтанд, ки ҳеч тамосе бо ҳеч тарафи амрикоӣ надоранд.

Ҳусайнӣ идома дод: “Мо ба дафтари СММ гуфтем, ки гутугӯе бо амрикоиҳо надорем ва агар хостори чизе ҳастанд, бояд онро дар расонаҳо эълом кунанд”.

Ӯ ҳамчунин ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ ишора кард, ки теъдодашон ба 31 пойгоҳ дар саросари Ироқ мерасад, ба ҷуз ширкатҳои амниятии Амрико дар Ироқ.

Лозим ба зикр аст, ки Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ аз маҷмуъае аз гурӯҳҳои мухталиф аст, ки баъд аз дохил шудани нерӯҳи амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 дар зайли парчами Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба ҳам омаданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад