Наздикони Ардуғон ҳизби нав таъсис мекунанд

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик Пресс, рӯзномаи Ҳуррияти Туркия эълом кард, ки Абдуллоҳ Гул раисиҷумҳури собиқи Туркия ба ҳамроҳи дӯстони собиқи Ардуғон ва чанд тан аз вазирони собиқ ва аъзои ҳизби “Адолат ва тавсеа” қасд доранд пас аз интихоботи шаҳрдориҳо дар 31-и марти отӣ, ҳизби ҷадиде роҳандози кунанд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ал-арабӣ ал-ҷадид”, ин хабар ба монанди бомбаи хабарӣ дар маҳофили сиёсии Туркия қаламдод мешавад. Раёсати ин ҳизби тозатаъсисро қарор аст “Алӣ Бобоҷон” вазири асбақи Туркия бар ӯҳда гирад. Фарде, ки барои солҳо аз наздикони Ардуғон ба ҳисоб меомад ва Ардуғон дар соли 2009 ӯро бо ихтиёроти вижа ба унвони муовини нахуствазир ва вазири ҳамоҳанг кунандаи сиёсатҳои иқтисодии Туркия мансуб карда буд.

Ба навиштаи рӯзномаи Ҳуррият, Абдуллоҳ Гул, Алӣ Бобоҷонро ба иллати мавқеияти босаботи вай дар маҳофили сиёсии Туркия барои бар ӯҳда гирифтани раёсати ин ҳизб қонеъ кардааст. Ҳамчунин ин ҳизби тозатаъсис, тарафдори низоми парлумонӣ хоҳад буд ва аз ин ҷиҳат ба назар мерасад дар мавқеияти мухолифи Ардуғон, ки низоми парлумониро ба раёсатӣ табдил карда, бошад.

Тибқи иттилооти ин рӯзнома, кумитае аз вазирони собиқи Туркия дар ҳоли навиштани барномаи ин ҳизб ҳастанд ва пешбинӣ мешавад то замони эъломи таъсиси ҳизб дар аввали апрели пеширӯ, навиштани ин барнома низ ба поён бирасад.

Ҳуррият дар идома менависад, ки мизони раъйҳои ҳизби “Адолат ва тавсеа” дар интихоботи шаҳрдориҳои пеширӯ, метавонад ёрони Абдуллоҳ Гулро барои таъсиси ҳизб мусаммамтар кунад. Ҳадафи Абдуллоҳ Гул ин аст, ки худро барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2023 омода кунад.

Дар ин росто, муассисони ҳизби ҷадид қасд доранд аз Аҳмад Довуд Уғлу нахуствазири собиқи Туркия низ барои пайвастан ба ҳизб даъват кунанд. Фарде, ки аз наздиктарин афрод ба Ардуғон маҳсуб мешуд ва дар моҳи майи 2016 маҷбур ба истеъфо шуд. Ӯ акнун дар ҳоли нависандагии китоб ва ҳузур дар конфронсҳои мухталиф аст.

Рӯзномаи Ҳуррият ҳамчунин ба ихтилофоти миёни Ардуғон ва Абдуллоҳ Гул ишора карда ва навиштааст, ки ҳатто дар ҷараёни талош барои барканории Ардуғон дар ҷараёни кудато, Абдуллоҳ Гул сукут кард ва ҳимояте аз Ардуғон нишон надод ва борҳо талош дошта Ардуғонро аз муқобили худ бардорад.

Гуфтнӣ аст, Абдуллоҳ Гул дар соли 2001 ба ҳамроҳи Ардуғон ҳизби “Адолат ва тавсеа”-ро таъсис кард ва дар соли 2007 низ ба раёсатҷумҳурии Туркия расид. Ӯ соли гузашта ба иллати интиқод аз қавонини вазъияти изтирорӣ, аз сӯи Ардуғон ва ҳамҳизбиҳояш ҳадафи ҳамалот ва интиқодот қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад