Кабирӣ хитоб ба Рустами Эмомалӣ чӣ гуфт?

“Ҳарчи зудтар иштибоҳи худро ислоҳ кунед; Шарофиддин агар ба Аврупо баргардад, на танҳо барои ӯ хуб аст – чун билохира ба озодӣ бармегардад — балки барои шумо ҳам хуб аст, ки иштибоҳи худро дар ҳамин ибтидо ислоҳ кардаед… Аммо бидонед, ки агар ин кор нашавад, яқинан шумо вориди як парвандаи байналмилалии ҷиноятӣ хоҳед шуд, ки дигар на танҳо худро аз ҷаҳони мутамаддин меканед, балки ба карераи сиёсии шумо ва ба фаъолияти шумо дар оянда латмаи бузург зада хоҳад шуд.

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва ҳамчунин раиси ПМТ дар суӯҳбатҳое онлайн, ки 21-уми феврали 2019 аз тариқи Фейсбук ва Радио Паём ва чанд шабакаи иҷтимоии дигар пахш гардид бо ишора ба ҳаводис ва қазияҳои охир дар мавриди рабуда шудани Шарофиддин Гадоев, таъкид кард:  “Билофосила пас аз он ки Шарофиддин ба кишвар баргардонда шуд, дар ҳамон рӯзҳои аввал, овозаҳое шуд, ки гӯё масъули ин кор, як тими ҷавон ба раҳбарии фарзанди бузурги раисиҷумҳур, Рустами Эмомалӣ будааст. Ва ҳатто овоза паҳн карданд, ки Шарофиддин Гадоев баъд аз бозгашт, бо Рустами Эмомалӣ мулоқот кардааст.”

“Афроде мисли ҷаноби Ятимов ё Раҳимзода ва ё Прокурори генералӣ мехоҳанд ин ҷинояти байналмилалиро ба дӯши як тими ҷавон ба хусус аз хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон партоянд; ба дӯши ҷавононе, ки тоза карераи сиёсии худро шурӯъ карданӣ ҳастанд. Ва бо ин роҳ – ки ин худ як рақобати дохилӣ ҳам ҳаст – ин тими ҷавонро, ки бисёр боангеза аст, аз саҳнаи сиёсӣ дур кунанд ва бар умри сиёсии худ чанд соле дигар биафзоянд.”- гуфт Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ.

Кабирӣ афзуд: “Ҳоло як пешниҳоде дорам ба ин ҷавонон. Ман дар аввали сӯҳбат гуфтам, ки сӯҳбати имрӯзи ман бо шумо, берун аз чорчӯби опозитсия ва ҳукумат аст. Бидонед, мо шадидан манфиатдорем, ки Шарофиддин Гадоев озод шавад ва тамоми талоши худро ҳам хоҳем кард; ин масъулияти инсонии мост, масъулияти имонии мост ва масъулияти сиёсии мо ҳам ҳаст. Аммо бо ин ҳама, мо пешниҳоде мекунем ба шумо, ки бароятон кӯмак хоҳад кард; хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷавонед ва тоза бо аспи қудрат майдондорӣ мекунед.”

Роҳбари ҲНИТ бо ишора ба масоили ҳуқуқии ин парванда таъкид кард: “Аммо бидонед, ки агар ин кор нашавад, яқинан шумо вориди як парвандаи байналмилалии ҷиноятӣ хоҳед шуд, ки дигар на танҳо худро аз ҷаҳони мутамаддин меканед ва имконияту рафту омадро аз даст хоҳед дод, балки ба карераи сиёсии шумо ва ба фаъолияти шумо дар оянда латмаи бузург зада хоҳад шуд, ки ба дасти худатон мезанед. Фикр накунед, ки инро мо анҷом медиҳем, балки мутаассифона, бисёр корҳо ва бехирадиҳое, ки анҷом медиҳед, ба дасти худатон анҷом медиҳед.”

Кабирӣ дар охири ин сухан гуфт: “Шояд дар ҷаҳон мисли мо якчунин опозитсияи хубе пайдо нашавад, ки ба шумо машварат медиҳад, ки чӣ кор кунед. Албатта мутмаин бошед, мо ин машваратҳоро на ба хотири он медиҳем, ки шуморо инсонҳои хуб меҳисобем, мутаассифона ҳеч далеле ба мо надодед, ки шуморо воқеан як сиёсатмадори хуб бишносем; балки инро ба хотири миллат ва кишварамон мегӯем.”

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад