Ин раисиҷумҳури мутаққаллибро шикаст медиҳем

Трамп дирӯз дар вокуниш ба эъломи номзадии Сендерс, дар “Твиттер”навишт: «Бернии девона ҳамин алон вориди рақобат шуд. Муваффақ бошад.»

Сендерс бо дар вокуниш ба ин “Твитт” навишт: «Ҷунуномез ин аст, ки мо раисиҷумҳури нажодпараст, ҷинсиятзада ва мутаққаллиб дорем. Мо мардумро муттаҳид мекунем ва натанҳо ӯро шикаст медиҳем, балки ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин кишварро ҳам мутаҳаввил мекунем.»

Трамп дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии соли 2016 ҳам ба ҳар як аз номзадҳо лақаби таҳқиромез дода ва мудом онҳоро бо ин алқоб хитоб мекард. Вай ба Ҳиллари Клинтон, номзади вақти демократҳо дар интихобот лақаби «фиребкор» дода буд.

Ин дувумин бор аст, ки Сендерс дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ширкат мекунад. Вай дар рақобатҳои даври пешини раёсатҷумҳурӣ фосилаи андаке бо Клинтон дошт ва он тавр, ки гузоришҳо баъдан нишон доданд, агар мудохилаи аъзои Кумитаи марказии Ҳизби демократ набуд, Сендерс метавонист ба ҷойи Клинтон ба рақобат бо Трамп бипардозад. Тақрибан тамоми назарсанҷиҳо дар он замон аз шонси бештари Сендерс дар муқоиса бо Клинтон барои шикасти Трамп ҳикоят дошт.

Рақобатҳои даруни Ҳизби демократ барои таъйини номзади ниҳоии ин ҳизб дар интихоботи 2020 аз чанд ҳафтаи дигар оғоз мешавад ва токунун беш аз 10 нафар расман барои ширкат дар ин рақобатҳо корзори интихоботӣ роҳандохтаанд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, Сендерс феълан пас аз Ҷу Бойден, ки эҳтимолан ба зуддӣ номзадиашро эълом мекунад, дар раддаи дуввум қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад