Амрико низоми манъи интишори силоҳи ҳастаиро ноустувор кардааст

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ҳамоише барои гиромидошти Виталий Чуркин, намояндаи фақиди Русия дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин матлаб эълом кард, Вашингтон бо хурӯҷ аз БАРҶОМ, тавофуқ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро ба хатар андохтааст.

Лавров ҳушдор дод, иқдомоти Амрико дар баробари БАРҶОМ мумкин аст, танишҳои минтақаиро ташдид кунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп, бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БАРҶОМ рӯбарӯ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад