Андешкдаи матраҳи Амрикоӣ: нишасти Варшава шикаст хӯрд

Ба думболи поёни нишасти зидди эронии Полша, андешкдаи Амрикоӣ “Стратфор” дар бораи ин нишаст ба шикасти Амрико дар расидан ба ҳадафҳои зидди эронии худаш изъон карда ва гузориши бо ин унвон мунташир кардааст: “Ховари Миёна: дар нишасти Варшава ҳеҷ пешрафте барои Амрико дар бораи Эрон сурат нагирифт”.

Стратфор навишт: “нишасти ду рӯза ба раҳбарии Амрико дар Варшава дар бораи амнияти Ховари Миёна 14 феврал поён ёфт. Дар ин гирдиҳамоӣ мақомҳои 60 кишвар фурсате барои сӯҳбат дар бораи стратегияҳои тақвияти амнияти Ховари Миёна фароҳам кард ва ҳамчунин фурсате барои ройзаниҳои дар бораи ваъдаи Амрико барои рӯнамои аз тарҳи сулҳи Исроил-Фаластин баъд аз интихоботи нӯҳуми апрел Исроил эҷод карда буд аммо фақат як севум аз кишварҳои ширкаткунанда, вузарои хориҷа худашонро ба нишаст фиристоданд”.

Андешкдаи Амрикоӣ дар бораи далели ҳузур наёфтани вузарои хориҷаи аксари кишварҳои ҷаҳон дар нишасти Варшава навишт: “бахше аз сабабҳо (ҳузур наёфтани вузарои хориҷа) ноши аз ин воқеият буд, ки Амрико ин нишастро табдил ба як иҷлоси зидди эронӣ карда буд”.

Стратфор идома дод: “албатта пешрафтҳое дар заминаи беҳбуди равобит байни кишварҳои арабии халиҷ (форс) ва Исроил шомили дидори Бинёмин Натонёҳу нахуствазири Исроил бо вазири хориҷаи Уммон дар ҳошияи нишаст сурат гирифт. Ҳамчунин вазири хориҷаи Баҳрайн эълом кард, ки “ба тадриҷ” муносибати равобиташ бо Исроилро оддисозӣ хоҳад кард”.

Тибқи гузориши ин андешкдаи Амрикоӣ, “нишасти (Варшава) ба ҷойи барҷаста кардани ҳамгароӣ ва иттифоқи назар дар масоили марбут ба амнияти Ховари Миёна, таъкиди бар вогароӣ ва ихтилофи назар буд. Аз ҳама қобили мулоҳизатар инкӣ, истидлолҳои Амрико дар бораи лузуми иттихози мавозеи сарсахтона алайҳи Эрон дар ҳамроҳ кардани бисёре аз мақомҳои Аврупои бо ин мавозеъ бори дигар шикаст хӯрдааст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад