Ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Инқилоби Исломӣ яке аз таъсиргузортарин таҳаввулоти садаҳои ахир дар низоми байналмилал ва нуқтаи атфи камназире дар таърихи чандҳазорсолаи Эрон аст, ки миллати бузурги Эронро ҳамзамон ҳам аз султаи истибдоди дохилӣ ва ҳам аз мудохилагарии хориҷӣ наҷот дод ва уфуқи ҷадиде фарорӯйи кишвар гушуд. Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба дастовардҳои низоми ҷумҳурии исломӣ дар 4 даҳаи гузашта пардохт ва гуфт, касби ҷойгоҳи дувуми ҷаҳонӣ дар пайванди мағзи устухон, рутбаи панҷум дар ҳавзаи селулҳои бунёдӣ ва дармони нобороварӣ, ҷойгоҳи шонздаҳум дар тавлиди илм ва тавсеаи фанноварӣ, тавлиди дохилии 95 дарсади доруҳои масрафӣ дар кишвар ва даҳҳо пешрафти шигарф дигар дар арсаҳои пизишкӣ, фанноварии нано, дастёбӣ ба фанноварии чархаи комили сӯхти ҳастаӣ барои аҳдофи сулҳомез, тавлиди ҷангандаи бумӣ, афзоиш ва иртиқои чашмгири зарфияти мушакӣ, афзоиши 57 баробари содироти ғайринафтӣ ва афзоиши 33 баробари тавлиди маҳсулоти петрошимӣ бахше аз ин дастовардҳо дар шароити идомаи таҳримҳои золимона ва фарогир аст.

Сафири ҷумҳурии исломӣ Эронро яке аз аввалин кишварҳое донист, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва қабл аз соири кишварҳо сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд, Эрон рушд, пешрафт ва сарбаландии миллату давлати Тоҷикистонро ҳамчун рушду пешрафти худ медонад ва аз замони даст ёфтани Тоҷикистон ба истиқлол Эрон аз ҳеҷ кӯшише барои кумак ба ободонӣ ва пешрафти он дареғ накардааст. Фағонӣ бо ишора ба 28 бори сафарҳои раисҷумҳурҳои Эрону Тоҷикистон ва имзои қариб 170 санади ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз дигар ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва қазоии миёни ду кишвар ва пешгомии ширкатҳои Эрон дар сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла сохти садду нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, нақби “Истиқлол”, бемористони Ибни Сино ва даҳҳо лоиҳаи хурду калони дигар ин ҳамкориҳоро нишондиҳандаи аҳамияте донист, ки ду кишвари ҳамкеш ва ҳамзабон барои равобити мутақобилан судманд бо якдигар қоиланд.

Сироҷиддини Меҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ бо табрики чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба сафир, ҳуззор ва мардуми Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ аз аввалин кишварҳое аст, ки соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ибтидои соли 1992 сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард. Ӯ ҳамчунин ба имзои беш аз 160 тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон ишора карда ёдовар шуд, миёни парлумони ҷумҳурии исломӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб ва муфиде вуҷуд дорад ва то кунун 12 ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар баргузор шуда ва ба зудӣ ҷаласаи сездаҳуми ин комиссия низ бо ҳамкории ду тараф баргузор хоҳад шуд. Ӯ афзуд, соли 2019 соли рафъи мавонеи густариши равобити байни ду кишвари дӯст ва бародар хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад