Режими саҳюнистӣ мушкили минтақа ва ҷаҳон аст

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Ҷуброн Босил, вазири умури хориҷии Лубнон дар Бейрут афзуд, набояд иҷоза дод, дигарон бо эҷоди хатароти сохта масъалаи Фаластинро дар минтақа ба фаромӯшӣ ‏бисупоранд.‏ Зариф ҳамчунин бо ишора ба буҳрони Сурия гуфт, роҳҳал дар Сурия бояд тавассути мардуми ин кишвар таъйин шавад ва ҳама нерӯҳои хориҷие, ки бидуни иҷозаи давлати Сурия дар ин кишвар ҳастанд, бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки ҳар роҳҳале бояд мутазаммини тамомияти арзии Сурия бошад, тасреҳ кард, бозгашти шарофатмандона ва амни оворагони сурӣ дар камтарин ва кӯтоҳтарин муддат аз равишҳои муҳими тазмини амният ва оромиш дар Сурия аст. Зариф ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мавзеи давлати Лубнон дар хусуси баргузории нишасти зиддиэронии Варшава омодагии Теҳронро барои ҳамкорӣ бо Бейрут дар заминаҳои мухталиф эълом кард. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, ҳамкории Эрону Лубнон зидди ҳеҷ кишваре нест ва ба нафъи ҳама аст. Ҷуброн Босил, вазири умури хориҷии Лубнон низ гуфт, Лубнон дар нишасти зиддиэронии Варшава ширкат нахоҳад кард.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон рӯзи якшанбе дар сафари дурӯза вориди Лубнон шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад