Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2019

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ҳаҷми пулҳои интиқол додашуда тавассути муҳоҷирони кории тоҷик ба Душанберо 2.5 миллиард доллар эълон кард.

Вай гуфт: “Маблағи интиқолии муҳоҷирони корӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон 2.5 миллиард доллар буда, ки бинобар омори мухталиф 35 то 37 дарсад тавлиди нохолиси дохилии кишварро ташкил медиҳад”.

Фролов афзуд: “Давоми 5 соли ахир муҳоҷирони кории тоҷик танҳо аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон беш аз 15 миллиард доллар мунтақил карданд, ки 3 баробар бештар аз ҷазби сармоягузориҳои мустақим дар ин кишвар аст”.

Сафири Русия дар Душанбе дар идома афзуд: “Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик фаъолият мекунанд”.

Вай гуфт: “Дар ин росто Маскав ва Душанбе 6 пешнависи тавофуқнома бо ҳадафи беҳбуди шароити иқомати муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро дар дасти баррасӣ доранд”.

Бар асоси гуфтаҳои вай, тавофуқнома дар заминаи тартиби интихоби шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати кории муваққат, мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар масъалаи муҳоҷират, тавофуқномаи иқомати шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави кишварҳои якдигар аз ҷумлаи он мебошанд”.

Ин дипломати рус дар идома иҳамкорӣ дар масъалаи муҳоҷиратро яке аз авлавиятҳои равобит миёни Русия ва Тоҷикистон унвон карда ва гуфт: “Далели ин авлавият бахше ба ин мавзӯъ бозмегардад, ки бахши умдаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору фаъолият ба Русия сафар мекунанд”.

Вай афзуд: “Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират ба якдигар вобаста буда ва яке аз вазоифи стратегии мо эҷоди шароит ва меканизмҳо барои ҷазби мутахассисони арсаҳои мухталиф аст”.

Фролов дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт: “Дар маҷмӯъ ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар рушди мусбат дошта ва дар соли 2017 ҳаҷми тиҷорати мутақобили Русия ва Тоҷикистон 940 миллион долларро ташкил дод, ки ҳудуди 25 дарсад аз ҳаҷми кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мебошад”.

Вай гуфт: “Ин шохис дар поёни соли 2018 афзоиши 9 дарсадӣ дошта ва ба мизони як миллиарду 23 миллион доллар расид”.

То соли 2014 муҳоҷирони кории тоҷик солона аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол медоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 мелодӣ ба 2,5 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад